
22.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Бохтар шаҳрванд Шерзода Фарҳод 1998 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Қушониён, ҷ/д Ориён, деҳаи Қаҳрамон дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи марти соли 2019 аз шахсони номаълум ба миқдори 8.500-қуттӣ тамокуи тамғаи «ЭССЕ Ченҷ», ки тариқи қочоқ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, тамғаҳои аксизӣ надоштаанд, гирифта бо мақсади дар оянда фурӯхтан онҳоро дар манзили истиқоматиаш нигоҳ доштааст. Баъдан, шаҳрванд Шерзода Ф. санаи 03.04.2019 сол 8.500-қуттӣ тамокуҳои навъӣ «Ченҷ»-ро дар ҳудуди бозори «Фаровон»-и ш.Бохтар ба шаҳрванд Назаров Сунатулло Мирзовалиевич 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Вахш, ҷ/д Киров, деҳаи Шар-шар ба маблағи умумии 82.450-сомонӣ фурӯхтааст. Нисбати шаҳрванд Шерзода Ф. аз тарафи Прокуратураи Генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ таҳти бо моддаи 259 иловаи 1, қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)