< ҚАЛЛОБОНРО ДАСТГИР КАРДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБОНРО ДАСТГИР КАРДАНД

ҚАЛЛОБОНРО ДАСТГИР КАРДАНД
22.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Истаравшан шаҳрванд Умаров Парвизҷон Шораҳматович 1993 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Пошкент, деҳаи Сепула, пеш бо моддаи 247 қ.3 КҶ ҶТ суд шудаст, дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи августи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Умаров Маъмурҷон Муҳаммадиевич 1985 с/т, миллаташтоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Гули Сурх, деҳаи Маҳаллаи Ясӣ даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,06-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҷ/д Пошкент, деҳаи Яккабоғӣ, маблағи пулӣ 50.000-сомониро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. Нисбати шаҳрванд Умаров П.Ш. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ.4 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафишот идома дорад. 

22.07.2019 шаҳрванд Абдураҳмонов Неъматулло 1950 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Қиблаӣ, деҳаи Чавалай ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки соли 2008 дар ҳудуди ш.Душанбе шаҳрванд Самадов Ғоиб 1950 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Қиблаӣ, деҳаи Чавалай, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди деҳаи Чавалай, маблағи пулӣ 10.000-доллари ИМА-ро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий