РОНАНДАҲОИ НОБОЛИҒ БА ДАСТ АФТОДАНД
22.07.2019 шаҳрванд Хоҷаев Шуҳрат Шавкатович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Р.Карим х.14 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки шаби 20 ба 21.07.2019 сол тахминан соати 00.20-дақиқа шахсони номаълум а/м шахсиаш тамғаи “Тико”, р/д 73-96 АЕ/07, ки дар кӯч. Р.Каримов беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон: Тағоев Фариддун Хушмаҳмадович 2004 с/т, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №56, истиқоматкунандаи н.Данғара, деҳаи Шаҳбур ва Исмоилов Зиёвуддин Раҳмоилович 2006 с/т, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 5-уми МТМУ №20, истиқоматкунандаи н.Данғара, маҳаллаи-7, дастгир карда шуданд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
Комментарии (0)