ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 43+45 дараҷа мерасад
Бо сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд шуда, гармӣ ба 40+43 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ҳарорати ҳаво то 43+45 дараҷа пешбинӣ шудааст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.
Комментарии (0)