Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон соҳиби бинои нав мешавад

Бинои ҷадиди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода панҷошёна буда, дар масоҳати беш аз 106 метри мукааб сохта мешавад
Донишкадаи давлатии забонҳо ба наздикӣ соҳиби бинои нави иловагии таълимӣ мешавад.
Дар ин бора ректори донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон маҳмадулло Раҷабзода мазкур зимни нишасти матбуотӣ дар душанбе хабар дод.
Ба гуфтаи Раҷабзода, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти таълимӣ ва илмӣ барои устодон ва донишҷӯён, бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави замонавӣ ба роҳ монда шуд.
Раҷабзода илова намуд, ки бинои ҷадиди иловагии таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода панҷошёна буда, дар масоҳати беш аз 106 метри мукааб сохта мешавад.
Бинои мазкур барои 1380 ба нақша гирифта шудааст. Ба изҳори Раҷабзода инчунин, бинои навсохт дорои 50 синфхонаи замонавӣ буда, синфхонаи компютерӣ ва лингафонӣ, таҳхона ва амборро дар бар дорад.
Ректори донишгоҳ қайд намуд, ки айни замон корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад ва Ҳукумату давлат дар вақти зарурӣ ин иншоотро ба истифода медиҳад.
Комментарии (0)