< ҶИНОЯТКОРОН ДАСТГИР ШУДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҶИНОЯТКОРОН ДАСТГИР ШУДАНД

ҶИНОЯТКОРОН ДАСТГИР ШУДАНД
21.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Вахш вобаста ба ҷинояти дуздии моликияти шахсии шаҳрванд Қурбонзода С.Қ., шаҳрванд Искандаров Холдор Саидович 1998 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи Пешқадам дастгир карда шуд. 

21.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-2 вобаста ба ҷинояти ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруфи шаҳрванд Раҳмонов Н.О., муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро пешдастгиршуда, Бердиев Фаррух Раҳматуллоевич 1988 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯчаи Х.Назаров х.283 содир намудааст. 

21.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Шаҳритус ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Чоршанбиев Юсуп Абдулваитович 1964 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Шаҳритус, кӯчаи А.Ҳайитов х.б/р, ки ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатиро  содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.Шаҳритус бо моддаи 110 қ.1 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н. Шаҳритус дастгир карда шуд. 

21.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Зафаробод ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Содиқов Қаҳрамон Уктамович 1986 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Меҳнатобод, кӯчаи Боғот х.23/5, ки ҷинояти дуздиро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.Зафаробод бо моддаи 244 қ.1 КҶ ҶТ айбдор дониста мешуд, дар ҳудуди н.Зафаробод дастгир карда шуд. 

21.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Сино-1 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Табаров Юсуф Амонуллоевич 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи С.Шерозӣ х.29, ҳ.111, ки ҷинояти авбоширо содир намуда, аз тарафи ШКҶ ШВКД дар н.Сино бо моддаи 237 қ.1 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Сино дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий