
21.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Панҷакент Дӯстзода Беҳрӯз Ҷунайдулло 1985 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Ёрӣ, деҳаи Ёрӣ, миллаташ тоҷик, бекор дастгир карда шудааст. Номбурда, якчанд маротиба дар ҳавлии мувақаттан истиқоматиаш, вокеъ дар ҷ/д Ҳ.Ҳасан, деҳаи Хамиртеппа нисбати ҳамсари дуюмаш шаҳрванд Бозорова Рисолат Каримовна 1985 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо бо истифодаи зӯроварӣ ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидоштаро содир намуда онро ба навор гирифтааст. Нисбати шаҳрванд Дӯстзода Б.Ҷ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 139 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)