
21.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Зафаробод шаҳрванд Катабеков Нурмурод Шодимуродович 1971 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Равшан, кӯчаи Тошев х.211, миллаташ тоҷик, бекор, дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2013 аз филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар н. Зафарабод, ба номи шаҳрвандон: 1). Каттабеков Маҳмурод Шодимуродович 1973 с/т, истик, ҷ/д, Равшан, деҳаи Бахт, миллаташ тоҷик, бекор (дар асоси шартнома таҳти №45/00457 аз 02.12.2013-сол) ба маблағи 4500 доллари ИМА; 2). Каттаева Бибикифо Шодимуродовна 1975 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо (дар асоси шартнома таҳти №45/00438 аз 01.11.2013-сол), ба маблағи 5000-доллари ИМА; 3). Тошхӯҷаева Муқаддас Қурбоналиевна 1983 с/т, истик. кӯчаи Николаев х.6/2, миллаташ тоҷик, бекор, (дар асоси шартнома таҳти №45/00769 аз 25.07.2014-сол), ба маблағи 5000 доллари ИМА; 4). Авезова Моҳиниссо Шодимуродовна 1981 с/т, истик. кӯчаи Фирдавсӣ х.20/1, миллаташ тоҷик, (дар асоси шартнома таҳти №45/00440 аз 08.11.2013 сол), ба маблағи 4500 доллари ИМА; 5). Мансурова Майрам Баҳромовна 1963 с/т, истиқоматкунандаи кӯчаи Сомониён х.62, миллаташ тоҷик, (дар асоси шартнома таҳти №45/00568 аз 27.02.2014-сол), ба маблағи 23.000-сомонӣ, ҳуҷҷатҳоро ба расмият дароварда, аз бонки мазкур ба маблағи умуми 14.081-доллари ИМА ва 35.535-сомониро ҳамчун кредит гирифта, ба филиали бонки мазкур зарари моддӣ расонидааст. Нисбати шаҳрванд Катабеков Н.Ш парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)