
21.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳалимов Ҷаҳонгир Маҳмадшукурович 1995 с/т, истиқоматкунандаи ш.Бӯстон, кӯчаи Заозёрный, х.2, ҳ.34, миллаташ тоҷик, санаи 29.06.2019-сол тахминан соати 07:30-дақиқа ҳамчун кирокаш бо а/м шахсиаш тамғаи «ДЭУ Исперо», р/д ТҶ 79-95 НН/02, шаҳрванд Парпиева Замира Ғафуровна 1986 с/т, миллаташ тоҷик истиқоматкунандаи ш. Исфара, кӯчаи Алоқачиён х.13-ро аз фурудгоҳи ш. Хуҷанд ба самти ш. Исфара оварда, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш, ки дар бордони а/м қарор дошт, 115.000 рубли ФР, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон Х», якчанд намуд ҷавоҳиротҳои тиллогин ва нуқрагин ва 1-адад атри занона, ки арзиши умумиашон 347.000-рубли ФР-ро ташкил медиҳад дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Барои дастгир намудани шаҳрванд Ҳалимов Ҷ.М. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)