< ОБУ ҲАВО: имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 41-43 дараҷа гарм мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 41-43 дараҷа гарм мешавад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 41-43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, гармии ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 41-43 дараҷа мерасад. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.     Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 17+22 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 40+45  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи   бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 19+21 ва  рӯзона 41+43  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий