< Мақсади ниҳоии наҳзатиҳои ифротӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мақсади ниҳоии наҳзатиҳои ифротӣ

Мақсади ниҳоии наҳзатиҳои ифротӣ
Дар зиндагӣ барои баъзе касу баъзе чизҳо дар ҳайрат мемонам, ки чаро аз ақли солими хеш истифода бурда наметавонанд, модоме, ки эшон чунин рафтор мекунанд, ба маъное ақли онҳоро бо ҳар гуна дасисиаҳо медузданд. Назарам аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки ислом гуфта ба суханони дурӯғу бемантиқ бовар ҳосил менамоянд, гӯё бар он ақидаҳое, ки вақте ислом аст, албатта ҳақиқат доранд, бале чунин афкор дар гузаштагонамон буд, аммо як дафъа худ қазоват намоед, ки имрӯзиён, ба ҷои ин ки номбардори аҷдодонамон бошанд, баръакси ҳолат ислом гуфта, бо ниқоби иблиси хеш қариб тамоми мардуми ҷаҳонро ба по хезонида истодаанд. Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Хушбахтона, мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бояд зикр намоям, ки як қатра хуни бегуноҳ рехтаи мардум ягон мақсадро асоснок карда  наметавонад, ки имрўз М.Кабирӣ мардумро ба ин роҳ барад. Роҳе, ки оқибаташ марги бешарафона асту бас. Коре, ки на аз рўи одоби инсон асту на аз рўи қонунияти ислому қуръон.

Дар асл ба шумо М. Кабирӣ, мегўям, ки ин ҳама изҳротгунаи шумо ва зердастону ҳамсафонатон чи маънои томе дорад ё надорад, бемантиқ аст, зеро ин аз рўӣ мардигарӣ нест, ки зӯру тавони хешро дар паси хоҷагони беруна бинед. Бояд инро донед, ки чи тавре намояндагонатонро оҳиста оҳиста аз байн бурда истодаанд, рўзе ин қисаматро ба сари шумо низ меоранд. Инро донед, ки шумо ва аъзоёнатон барои кадом ваъдаҳои бардурўғи он хоҷагонатон бовар наммуда, вазъи миллати моро нотинҷ кардани ҳастед. Барои қатъ шудани фаъолияти ҳизбиатон худатон гунаҳкореду ақлу ҳуши пулпарастиатон, ки якбора фаъолияти хешро дигар намудед. Ташкилотеро созмон додед, ки терористону ифротгароёнро ба ҳам мутаҳҳид сохт ва ин ро албатта медонем, ки ин бо хоҳиши фармондеҳони шумо оғоз гардид. Чӣ магар ба қувваю заковати худ бовари надоред, ки фармонбардору мутакои хоҷагони давлатҳои ҷангзада гаштед. Акнун кирдори ноадолатонаи худатон бас нест, ки мардуми моро ба ташкилоти терористиву экстремистиатон ташфиқу тарғиб намуда истодаед. Боз даъвои онро доред, ки қоидаҳои дохили мамлакатро маҳкум мекунед. Ҳоло ин салоҳиятро касе ба шумо надодааст.

Мутмаинам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъи, чун арҷгузори ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаман мегардонанд.

Ба Шумо ҷавонони босаодат гуфтиниам, ки ба он гапҳои бардурӯғ,  ки тариқи интернет ва дигар воситаҳои иттилооти  байни мардум паҳн мешаванд, бовар накунед. Ҳар як фард танҳо дар ватани худ метавонад пурра хушбахт бошад. Дар он ҷое, ки  куштори одам ба ҳукми қонун дароварда шудааст, хеҷ гоҳ ободӣ намешавад. Точикистонро дӯст доред ва онро чун гавхараки чашм эҳтиёт кунед, зеро он ҷаннати рўи замин аст. 

Исматулло Норов, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Комментарии (0)

Оставить комментарий