< Таҳсил намонданду барвақт ба шавҳар доданд: парвандаи ҷиноӣ алайҳи 100 падару модар » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таҳсил намонданду барвақт ба шавҳар доданд: парвандаи ҷиноӣ алайҳи 100 падару модар

Таҳсил намонданду барвақт ба шавҳар доданд: парвандаи ҷиноӣ алайҳи 100 падару модар
Дар нимаи аввали соли равон дар Тоҷикистон алайҳи беш аз 100 тан падару модар ба ҷурми бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, аксари падару модарон ба  ҷилавгирӣ аз таҳсили фарзандон дар мактаб, ё ба шавҳар додани духтарони ноболиғ муттаҳам мешаванд.

Дар ин муддат дар мавриди 2230 падару модар ба ҷурми риоят накардан ба меъёрҳои қонуни марбут ба масъулияти падару модарон дар таҳсилу парвариши фарзандон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Манбаъ афзуд, ки ҳар падару модар барои ҷурмашон 165 сомонӣ ҷарима шуданд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, тайи шаш моҳи аввали соли равон бо иштироки ноболиғон 386 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Манбаъ афзуд, ки нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169 ҷиноят кам мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий