< ДАҲШАТ: ҲАФТ ХУДКУШӢ ДАР ДУ РӮЗ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАҲШАТ: ҲАФТ ХУДКУШӢ ДАР ДУ РӮЗ

ДАҲШАТ: ҲАФТ ХУДКУШӢ ДАР ДУ РӮЗ
17.07.2019 тахминан соати 22.00 дақиқа шаҳрванд Азимов Муҳиддин Холович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Даштигулло, деҳ.Даштигулло, н.Ҳамадонӣ бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, Суфиева Моҳбону Сайфуддиновна 1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. 

17.07.2019 тахминан соати 19.00 дақиқа ноболиғ, Давлатова Парвина Маҳмадҳайитовна 2002 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Панҷ, деҳ.Истиқлол, ноҳияи Ҷайҳун ки дорои бемории асаб (эпилепсия) будааст, дар дохили ҳамомхонаи ҳавлии истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. 

18.07.2019 тахминан соати 19:30 дақиқа шаҳрванд Обидова Винера Қобиловна 1987 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д, Мучон, деҳ.Мучон, н.Деваштич  дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Сабаби даст задан ба худкушӣ муайян карда мешавад.  

18.07.2019 тахминан соати 16:30 дақиқа шаҳрванд Раҳимова Ситора Тугниддиновна 1998 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Навобод, шаҳри Панҷакент донишҷӯӣ соли 2-юми Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон, худро аз болои пули деҳ. Озодагони ҷ/д Хуросон ба дарёи “Зарафшон” партофта, дар дарё ғарқ шудааст. Барои дарёфт кардани ҷасади шаҳрванд Раҳимова С.Т. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

18.07.2019 тахминан соати   17:35 дақиқа шаҳрванд Фармонов Уткир Икромович 1999 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Гули Сурх, деҳ. Бодомзор, шаҳри Истаравшан, ки дорои бемории рӯҳӣ будааст,  дар ҳӯҷраи хоби беморхонаи бемориҳои рӯҳии ш.Истаравшан, худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Сабаби даст задан ба худкушӣ муайян карда мешавад.

18.07.2019 тахминан соати 11:00 дақиқа шаҳрванд Абдуқаюмова Дилфуза Акрамовна 1992 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи шаҳраки Зафаробод, маҳ. Ничонӣ, кӯч. Ҷумъаев х.13, дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматии падараш, Абдуллоев Акрам Турдиевич 1963 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи шаҳраки Зафаробод, маҳ. Ничони, кӯч. Ҷумъаев х.26, худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Сабаби даст задан ба худкушӣ муайян карда мешавад.

18.07.2019 тахминан  соатҳои 01:30 дақиқаи шаҳрванд Шерматова Саломат Икромовна 1992 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. У.Хайём х.196, ноҳияи Фархор дар пешайвони хонаи истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Сабаби даст задан ба худкушӣ муайян карда мешавад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий