< ОШКОРКУНИИ ҶИНОЯТҲО » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОШКОРКУНИИ ҶИНОЯТҲО

ОШКОРКУНИИ ҶИНОЯТҲО
18.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фархор шаҳрванд Гиёев Убайдулло Маҳмадуллоевич 2001 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ғайрат, деҳ. Деҳқонобод ва ноболиғ, Абдуллоев Исфандиёр Саидазамович 2002 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, пеш бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст, дар робита бо дуздии моликияти шахсии шаҳрванд Шарифов Б.А. дастгир карда шуданд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

18.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Турсунзода шаҳрванд Ҳакимов Ҳусниддин Аскарович 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Работ, деҳ. Ҳуснобод дар робита бо ҷинояти дуздии моликияти шахсии шаҳрванд Қодиров Ҳ.А. дастгир карда шуд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад. 

18.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муайян карда шуд, ки ҷинояти дуздии моликияти шахсии шаҳрванд Астанақулов П.Н.-ро пешдастгиршудагон: 1). Ноболиғ, Азизов Абдулло Шарифҷонович 2003 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳ. Гулбутта х.139, намехонад, пеш бо моддаҳои 244 ва 247 КҶ ҶТ суд шудааст, 2).Мирзомуддинов Беҳрӯз Муҳаммадюнусович 2001 с/т, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Фирдавсӣ х.109 ҳ.12, пеш бо моддаи 248 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст, 3).Бахтовари Амирхон 2000 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳ. Гулбутта х.139 содир намудаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий