МУАЙЯН НАМУДАНИ ШАХСИ БЕДАРАК ГУМШУДА
18.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Спитамен ноболиғ Абдуллоева Зиёда Абдусаидовна 2005 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Т.Ӯлҷабоев, кӯч.Каримов х.113, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №1 аз ҳудуди н. Спитамен дарёфт карда шуда, ба волидонаш супорида шуд.
18.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Сино-1 шаҳрванд Комилҷони Атобек 2000 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Борбад х.56, ҳ.83 муайян карда шуд, ки номбурда бо ҳамроҳии рафиқаш, Асадов Довуд 2001 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ. ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Гулбутта ба ш.Ваҳдат, ҷ/д Симиганҷ ба мардикорӣ рафтаанд.
18.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Қубодиён шаҳрванд Сафарова Наргис Айёмиддиновна 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Т.Сангин, деҳ. Авесто, аз назди бунгоҳи тиббии ҷ/д Заркамар дарёфт карда шуда, ба волидонаш супорида шуд.
Комментарии (0)