ДУЗДИИ ҶЕВОНИ ОҲАНИНИ БОНК, МАБЛАҒ ДАР ФУРӮДГОҲ ВА ...
18.07.2019 шаҳрванд Ғафуров Далер Ғаниевич 1983 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Б.Ғафуров х.10, ҳ.5 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки шаби 17 ба 18.07.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматии №57 кӯч. 50-солагии Тоҷикистон 1-адад дучархаи тамғаи “Американ-Игл”, ки арзишаш 1500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.17.07.2019 шаҳрванд Билолов Шарифбек Ҳайдарович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, сардори хоҷагии деҳконии ба номи “Билолов Шариф”, истиқоматкунандаи кӯч. Варашилов ба ШВКД шаҳри Данғара муроҷиат намуд, ки шаби 16 ба 17.07.2019 сол тахминан соатҳои 23 ба 24:00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз таги кати х/д мазкур, воқеъ дар ҷ/д И.Шариф, деҳаи Навобод асбобҳои сохтумониаш, ки арзишашон 2500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
17.07.2019 шаҳрванд Каримов Наимҷон Тағоймуродович 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳ. Чилмеҳроб ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки шаби 15 ба 16.07.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 21400-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
18.07.2019 шаҳрванд Раҳматова Фирӯза Киромиддиновна 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Бустон, кӯч. Кайҳоннавардон х.8, ҳ.15 муроҷиат намуд, ки санаи 23.06.2019 сол тахминан соати 05.40 дақиқа ҳангоми бо хатсайри №2426 ба самти “Хуҷанд-Жуковский” сафар намуданаш, дар фурудгоҳи “Жуковский” бағоҷашро, ки дар дохилаш 553000-рубли Федератяи Россия ва 100-доллари ИМА доштаст, дарёфт накардааст. Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
17.07.2019 шаҳрванд Муродов Фирдавс Толибович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, соҳибкор, истиқоматкунандаи маҳ. 8 х.б/р ба ШВКД ноҳияи Данғара муроҷиат намуд, ки санаи 08.07.2019 сол тахминан соатҳои 01 ба 02:00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дохили дӯкони бозиҳои шавқовараш, воқеъ дар боғи фарҳангии ноҳия ворид шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Леново”, 1-адад Калян, 1-адад лазери равшандиҳанда ва 1200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба шаҳрванд Муродов Ф.Т. ба маблағи 4000-сомонӣ зарари молӣ расонидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ Розиқов Меҳроб Раҳматуллоевич 2003 с/т, миллаташ тоҷик, намехонад, истиқоматкунандаи ҷ/д Корез, деҳ. Рахшонзамин дастгир карда шуд. Ҷинояткор дар асоси сабтҳои камераҳои мушоҳидавӣ муайян гардид. Далели шайъӣ қисман гирифта шуда, тафтишот идома дорад.
18.07.2019 шаҳрванд Рӯзибоева Мукаррама Шамсиевна 1981 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Шарифов, кӯч. Навоӣ х.29 ба ШВКД шаҳри Конибодом муроҷиат намуд, ки санаи 03.07.2019 сол тахминан соатҳои 20:40 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба ҳавлии сохтумонаш нотамом, воқеъ дар ҷ/д Шарифов, деҳ. Ниёзбек даромада, аз он ҷо масолеҳи сохтумонӣ ва асбобҳои барқӣ, ки арзишашон 3200 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Нурматов Турдӣ Ҳайдарович 1969 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Шарифов, кӯч. Шуҳрат х.9, пеш бо моддаҳои 237 ва 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуд. Нисбати шаҳрванд Нурматов Т.Ҳ. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
18.07.2019 мудири филиали №67-и БДА ҶТ “Амонатбонк”, воқеъ дар ш.Хоруғ шаҳрванд Хуҷамриев Ҳувайдо Хуҷамриевич 1981 с/т, истиқоматкунандаи куч.Сафармамадов х.39 ба ШВКД шаҳри Хоруғ муроҷиат намуд, ки шаби 17 ба 18.07.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи кушодани тирезаи бинои маркази хизматрасонии бонкии №595, воқеъ дар маҳаллаи Тирчид, ба дохили он ворид шуда, аз он ҷо 1-адад ҷевони оҳанин, ки дар дохилаш 1-адад посттерминал, 1-адад мӯҳр ва 14-адад корти бонкӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба филиали №67-и БДА ҶТ “Амонатбонк”, 4368-сомонӣ зарар расонидаанд. Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
Комментарии (0)