< ҒОРАТГАРОН БА ДАСТ АФТОДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҒОРАТГАРОН БА ДАСТ АФТОДАНД

ҒОРАТГАРОН БА ДАСТ АФТОДАНД
18.07.2019 шаҳрванд Раҳмонова Мадина Сатторовна 2002 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Борбад х.48, ҳ.10 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки моҳи июни соли 2019 дар назди бинои истиқоматиаш шаҳрванд Садиров Боҳодур Мусадирович 1994 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, маҳаллаи Гулбута х.464, бо роҳи ошкоро аз гарданаш гарданбанди тиллогинашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ба шаҳрванд Раҳмонова М.С. ба маблағи 2500-сомонӣ зарар расонидааст. Садиров Б.М. аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.

18.07.2019 шаҳрванд Раҷабов Хуршед Ҳафизович 1971 с/т, миллаташ тоҷик, омӯзгори МТМУ №32, истиқоматкунандаи ҷ/д К.Ғиёсов, деҳаи Баҳористон ба ШВКД дар ноҳияи Ҷомӣ муроҷиат намуд, ки санаи 18.07.2019 сол тахминан соати 01.30 дақиқа дар ҷ/д А.Ҷомӣ, кӯчаи Сомониён шаҳрванд Ҳайитзода Суҳроб 2001 с/т, миллаташ тоҷик, намехонад, истиқоматкунандаи ҷ/ш А.Ҷомӣ, кӯчаи Телман х.20 ва Шарифзода Маҳмадшариф Убайдулло 2001 с/т, миллаташ тоҷик, намехонад, истиқоматкунандаи ҷ/д Яккатут, деҳаи Лермантов бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Алкател” ва 3000-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба шаҳрванд Раҷабов Х.Ҳ. ба маблағи 3100-сомонӣ зарар расонидаанд. Ҷинояткорон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. 

18.07.2019 шаҳрванд Маҳмадаминзода Ҷӯрахон Маҳмадамин 1992 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Дӯстӣ, ҷ/д Ҷиликул, кӯчаи С.Айнӣ, корманди кумитаи замини вилояти Хатлон ба ШВКД шаҳри Леваканд муроҷиат намуд, ки  санаи 17.07.2019 сол тахминан соати 23-00 дақиқа дар гардиши шоҳроҳи “Бохтар-Данғара” дар 15-км ҳудуди ш.Левакант, наздикии деҳаи Эшонобод, шахсони номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз ҷайби шими костюмаш 940-сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”, як адад ҷузвдон, ки дар дохилаш ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва корӣ дошт тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: Сафаров Сунатулло Зоирович 1999 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Борбад х.4, ҳ.6, Мирзохонов Иброҳим Муҳамадович 2001 с/т, миллаташ тоҷик,  истиқоматкунандаи кӯч. С.Шерозӣ х. б/р ва ноболиғон: Давлатов Муродҷон Ҳусейнович 2003 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Зебонисо х.2, ҳ.11, Шарифов Исроил Расулович 2004 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Бохтар, кӯч. Бохтар х.90, хонандаи синфи 8-уми МТМУ-6, дастгир карда шуданд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий