< Вилояти Суғд бо 52 мамлакати ҷаҳон муносиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вилояти Суғд бо 52 мамлакати ҷаҳон муносиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст

Вилояти Суғд бо 52 мамлакати ҷаҳон муносиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст
Гардиши савдои хориҷии вилоятиСуғд  дар шашмоҳаи аввали соли 2019  1011,9  млндоллари амрикоироташкил доданисбат ба ҳамин давраи гузашта 7,0 млндоллар зиёд гардидааст

Дар ин давра гардиши савдои хориҷии вилоят  ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 80,7 фоиз ё 816,4  млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 19,3 фоиз ё 195,5 млн. доллар рост омадааст.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо мамлакатҳои ИДМ 4,5% фоиз зиёд гардида, бо мамлакатҳои хориҷи дур 12,6 фоиз кам гардидааст.

Дар ин давра содироти семент 2,0 баробар ва меваи тоза 56,7 фоиз афзуда, маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳои вилояти Суғд бештар ба мамлакатҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Чин, Туркия, Белгия, Россия, Италия, Латвия, Қирғизистон, Эрон ва  Нидерланд афзалияти бештари содиротӣ доштааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 52 мамлакат, аз ҷумла бо 9 ҷумҳурии ИДМ ва 43 давлати хориҷи дур муносиботи тиҷоратӣ дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий