< ШАХСОНИ БЕДАРАК ГУМШУДА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ШАХСОНИ БЕДАРАК ГУМШУДА

ШАХСОНИ БЕДАРАК ГУМШУДА
15.07.2019 шаҳрванд Асоев Тоҷиддин Қиёмиддинович, истиқоматкунандаи ҷ/д Истиқлол, деҳаи Лоҳутӣ, ба ШВКД ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намуд, ки санаи 11.07.2019 сол тахминан соати 11.00-дақиқа писари ноболиғаш, Асоев Зиёвуддин Тоҷиддинович (с.т.2008) хонандаи синфи 4-уми МТМУ №31, аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак гум шудааст. 

16.07.2019 шаҳрванд Одинаева Дилором Амирхоновна, истиқоматкунандаи кӯчаи Кайҳоннавардон х.60, ҳ.183, ба ШВКД шаҳри Бохтар муроҷиат намуд, ки санаи 07.06.2019 сол тахминан соати 10.00-дақиқа духтари ноболиғаш, Дилшодаи Саидҷаъфар (с.т.2001), намехонад, аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак гум шудааст. 

16.07.2019 шаҳрванд Негматов Амиршоҳ, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Розиқ, кӯчаи Саричашма х.26, ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки моҳи майи соли 2018 писараш, Негматов Валиҷон Амиршоевич (с.т.1985) аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак гум шудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Роғун муайян карда шуд, ки ноболиғ Сайфуллоев Бахтиёр Иноятуллоевич (с.т.2003) истиқоматкунандаи ҷ/д Қади-об, деҳаи Навобод, дар хонаи хешовандонаш, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат будааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий