
16-уми июл шаҳрванд Абдураҳмонов Маҳмадкарим Шарифович, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоргултеппа, деҳ. Навбунёд-3 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намуд, ки санаи 26.06.2019 сол тахминан соати 23.30-дақиқа шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, бо маводи сӯзишвории “бензин” ошхона ва ҳаммохонаи ҳавлии истиқоматиашро оташ задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шарофуддинова Фарзона Ҷангиевна (с.т.1991) миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Лоҳур, деҳаи Лоҳур, дастгир карда шуд. Зарари расонидашуда 2200-сомониро ташкил медиҳад. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
Комментарии (0)