
16-уми июл шаҳрванд Майдаев Муҳаммадҷон Субҳонович, истиқоматкунандаи кӯчаи Ганҷина х.36, ҳ.137 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки шаби 14 ба 15.07.2019 сол тахминан соати 02.30-дақиқа шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “ВАЗ-2110”, рақами давлатӣ 48-00 СТ/01, ки дар назди бинои-36 кӯчаи Гипрозем беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Бердиев Фаррух Раҳматуллоевич (с.т.1998) миллаташ тоҷик, бекор, истиқоамткунандаи кӯчаи Х.Назаров х.283, дастгир карда шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
Комментарии (0)