МАҚСАД ДУЗДӢ БУД, ВАЛЕ ЧИЗЕ НАЁФТАНД

16-уми июли соли ҷори шаҳрванд Қаландаров Маҳмарасул Баротович, истиқоматкунандаи ҷ/д М.Турсунзода, деҳаи Истиқлол-3 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намуд, ки шаби 14 ба 15.07.2019 сол тахминан соати 03.00-дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, ягон чизи арзишнок наёфта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон ҷорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)