< ЭҲТИЁТ, ХОНАДУЗДӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ЭҲТИЁТ, ХОНАДУЗДӢ

ЭҲТИЁТ, ХОНАДУЗДӢ
16-уми июли соли равон шаҳрванд Қодиров Ашур Ҳасанович, муваққатан истиқоматкунандаи маҳаллаи-4, х.22, ҳ.32 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки дар давоми рӯзҳои аз 08 то 15.07.2019 сол шахсони номаълум аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи муваққатии истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2000-сомонӣ, 1-адад дучархаи тамғаи “Кама”, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Алкател” ва 1-ҷуфт гушвори тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3600-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон ҷорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий