ДУЗДИИ АККУМУЛЯТОР ВА ЗАРАРИ МОЛӢ
16-уми июли соли равон шаҳрванд Абдуллоев Каримхуҷа Давлаталиевич, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсӣ хонаи 39 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки шаби 15 ба 16.07.2019 сол тахминан соати 04.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи шикастани шишаи тиреза ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел Астра”, рақами давлатиаш 61-51 НН/01, ки дар назди бинои-91 кӯчаи Н.Қарабоев беназорат меистод, даромада, аз он ҷо 1-адад аккумулятори автомашинаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 820-сомониро ташкил медиҳад.Инчунин, ҳамон рӯз шаҳрванд Зарифзода Сайфуршо Сайдуллошо, истиқоматкунандаи кӯчаи Н.Қарабоев хонаи 91 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки шаби 15 ба 16.07.2019 сол тахминан соати 04.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи шикастани шишаи тиреза ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайота-Каролла”, рақами давлатиаш 71-71 ВС/01, ки дар назди бинои-91 кӯч. Н.Қарабоев беназорат меистод, даромада, ягон чизи арзишнок наёфта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1200-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон ҷорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)