Шабакаи Twitter дар саросари ҷаҳон қисман аз кор монд
Бештар аз ҳама корбарони шабакаи мазкур дар ИМА, Бразилия, Аврупои Ғарбӣ ва Ҷопон шикоят карданд.
Ҳангоми боз кардани "Твиттер" дар компютер корбарон огаҳ карда мешаванд, ки дар кори шабака мушкили техникие пеш омадааст. Дар телефонҳои ҳамроҳ нуқсон ба мушкили дохилӣ рабт дода мешавад.
То ҳол масъулони ширкат сабабҳои нуқсонро шарҳ надодаанд.
Комментарии (0)