Кӯмаки Роналду ба сокинони Фаластин ба муносибати моҳи шарифи Рамазон
Ситораи тобноки футболи ҷаҳон, бозингари бошгоҳи «Ювентус»-и Италия ва дастаи мунтахаби Португалия Криштиану Роналду барои сокинони Фаластин $1,5 миллион кӯмак кард. Ин амали хайрро футболбози машҳури португалӣ ба хотири моҳи шарифи Рамазон анҷом додааст.Бояд зикр намуд, ки ин ёрии авввалини Роналду барои сокинони кишвари Фаластин нест. Ӯ соли 2012, дар ауксион «Кафши тиллоӣ»-и худро фурӯхта, ба мактаббачагони Фаластини минтақаи Ғаза 1,5 млн евро кӯмак намуда буд. Инчунин, соли 2014 варзишгар бахшида ба иди Қурбон $2 млн доллар хайр кардааст.
Комментарии (0)