АВВАЛИН НОУТБУКИ ҚАТШАВАНДА АЗ ШИРКАТИ LENOVO

Ширкати Lenovo компютери ғайриодиеро, ки ThinkPad X1 номгузорӣ шудааст, ба дӯстдорону ҳаводорони навовариҳои технологияи муосир пешниҳод намуд. Созандагон онро “аввалин ноутбуки қатшаванда дар ҷаҳон” ном мебаранд. Хосияти назарраси он – дисплейи сенсории қатшавандаи он ба ҳисоб меравад. Ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки соҳибаш онро ҳамчун планшет, дафтарчаи хурд ва ё ноутбуки на он қадар калон, ки дорои клавиатураи сенсорӣ аст, истифода кунад.

Ин таҷҳизоти нав бо дисплейи OLED бо диагонали 13,3 дюйма ва ҳаҷми 2К муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Таносуби тарафҳо ба шакли кушода ба 3:2 баробар аст. Бо истифода аз ин ноутбук, истифодабаранда ду экранро мегирад, ки метавонад тавассути он дар барномаҳои гуногун кунад. Дар ин ҳолат, шумо метавонед матнро ҳуруфчинӣ ва ё китоб мутолиа намоед.
Дар ҳолати ҳамчун ноутбук истифода кардан, гаҷет хеле мустаҳкам аст, зеро батареяи дохилӣ айнан дар қисми рости корпус, ки ҳамчун клавиатура истифода мешавад, ҷой дода шудааст. Истеҳсолкунандагон иқтидори нерӯии ноутбукро нагуфтааст, аммо эътироф карданд, ки гаҷет як рӯз ба мо хидмат карда метавонад.
Аз ҷиҳати хусусиятҳои техникӣ ба мо танҳо ҳузури чипҳои Intel, стереодинамикҳо, якчанд ҷойҳои USB-C ва камераҳо барои Windows Hello маълум аст. Ҳамчунин он дорои имкони қабули стилуси Wacom мебошад.
Маълумоти пурраи ThinkPad X1 барои соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. То он вақт, ин дастгоҳ бояд аз санҷишҳои сершумор гузарад, то ки он ҳам ба мисли смартфони Galaxy Fold нашавад, ки мушкил дисплейи он ба миён овард ва санаи намоиши он тағйир дода шуд.
Комментарии (0)