< Қазияи Балҷувон. Падарро озод, писарро боздошт карданд. » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қазияи Балҷувон. Падарро озод, писарро боздошт карданд.

Қазияи Балҷувон. Падарро озод, писарро боздошт карданд.
Сайфиддин Давронов, писари Саидмӯъмин Давронов, сокини Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёт, барои замин даъвои додгоҳӣ дошт, тақрибан бист рӯз боз дар боздошт аст. Хонаводааш амали мақомотро супоришӣ медонанд. Мақомот мегӯянд, ӯ ба қаллобӣ гумонбар аст.

Фурӯши замин ё "супориш"?

Давронови хурдиро баъди раҳоии падараш дастгир кардаанд. Саидмуъмин Давронов понздаҳ рӯзро дар тавқифгоҳ гузаронд. Он замон писараш барои раҳоии ӯ талош дошт.
“Ба зидди писари ман парванда дуруст карданд. Маро озод карданд, вале ҳанӯз таҳдид доранд, ки қазия ҳал нашудааст. Мегӯянд, ҳоло туро оварда маҳкам мекунем. Ин фармоишӣ аст,” – афзуд ӯ.
Ҳоло нисбати Сайфиддин Давронов бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ парванда кушодаанд. Саидмуъмин Давронов мегӯяд, писараш гуноҳ надорад.
Ҳабиб Ҷумъазода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон, писари ӯро ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам донист. “Писараш замин фурӯхтааст, мо бояд донем. Ба ин сабаб месанҷем,” – гуфт ӯ рӯзи 21-уми апрел.
Чизе, ки сардори милиса мегӯяд, хонаводаи Давронов рад мекунад. Саидмуъмин Давронов гуфт, “бачаи ман корманди Кумитаи замин нест ва дар ягон ҷо ҳаққи имзо гузоштанро надорад. Чӣ хел замин фурӯхтааст?”

Комментарии (0)

Оставить комментарий