< Вазири қазоқ қоидаи гӯрондани ҷасади фавтидаҳо аз коронавирусро шарҳ дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазири қазоқ қоидаи гӯрондани ҷасади фавтидаҳо аз коронавирусро шарҳ дод

Вазири қазоқ қоидаи гӯрондани ҷасади фавтидаҳо аз коронавирусро шарҳ дод
Дар Қазоқистон, ки нахустин фавт аз маризии коронавирус сабт гардид, шаҳрвандонро тарзи гӯрондани ҷасади фавтида аз коронавирус ба ташвиш овардааст

Маросими дафни фавтидаҳои маризии коронавирус аз маросими гӯру чӯби анъанавӣ фарқ мекунад, изҳор доштаст Вазири иттилоот ва рушди ҷамъияти Қазоқистон  Даврон Абаев.

Абаев қавонини дафни фавтидаҳои коронавирусро имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба  рӯзноманигорон шарҳ дода афзуд, ки дар зудтарин фурсат сардухтури санитарии Қазоқистон, дастурамали махсус барои дафни онҳо омода ва дастраси ҳамагон мекунад.

Ба изҳори ӯ, ҷасади фавтидаҳо аз коронавирус, ба ҳеҷ ваҷҳ ба хешовандонаш дода намешавад.

“Ҷасад бо маҳлули махсуси тиббӣ тоза пок гардида, дар утоқи махсуси ҷудошуда нигоҳ дошта мешавад. Инчунин ҷасадро чок намекунанд", афзудаааст вазир.

Зимнан, ба гуфтаи вазир ҷасад бо мошини омодагардидаи вазорати беҳдошт, дохили тобути чӯбин ва ё оҳанин  ба қабристон интиқол дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон имрӯз нахустин дардманди коронавирус ба ҳалокат расид. Хабари фавти шаҳрванди Қазоқистон аз коронавирусро,  кишвардори ин давлат Қосим Жомарт Тоқаев дар сафҳаи худ дар Твиттер навиштааст.

"Марги зани 64 - солаи аз коронавирус, дар бораи хатари худи коронавирус ва аҳамияти муҳими риояи карантин мегӯяд. Ба пайвандону хешовандони фавтида изҳори тасаллият мекунам", - навиштааст ӯ дар Твиттераш.

Тоқаев ҳамчунин гуфтааст, барои мубориза бо пешгирии сирояти коронавирус рӯзи панҷшанбе тасмим гирифта шуд, ки дар пойтахт ва Алмаато чораҳои карантинӣ пурзӯр ва дар Чимкент маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий