Монандӣ ба Трюдо овозхони бадахшониро машҳури ҷаҳон кард
Қайс Улфат, мураббии Абдусалом Мафтун, аз аввалин нафароне буд, ки шабоҳати ин овозхон ба нахуствазири Канадаро ташхис намуд ва номи ӯро хабарсоз кард. Ӯ мегӯяд чунин ҳол "шанс"-и пирӯзии Абдусалом Мафтунро дар озмуни “Ситораи афғон" бештар мекунад.
Собиқаи ҳунарии Абдусалом Мафтун ҳафт солро дар бар гирифта, то замони иштирок дар озмуни "Ситораи афғон" асосан аз овозхонӣ дар тӯйҳо иборат буд. Акнун ин овозхон барномаҳои васеътар дорад.
"Ягона орзуям ин аст, ки нахуствазир маро ба Канада барад ва ман дар онҷо бо фалакҳои асили ватанам консерт бидиҳам. Нахуствазири Канадам ҳам дар онҷо нишаста бошад ва маро тариқи ҳунарам ба мардум муаррифӣ кунад", - гуфт Абдусалом Мафтун.
Комментарии (0)