ДУЗД ДАСТГИР ШУД
20.07.2019 шаҳрванд Насриддинов Амриддин Раҳмуддинович 1983 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Яккатут, деҳаи Ҷомӣ ба ШВКД ноҳияи Ҷомӣ муроҷиат намуд, ки санаи 18.07.2019-сол тахминан соати 16.30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили корхонаи сементбарориаш воқеъ, дар кӯчаи Фрунзе 2-адад редуктори барқӣ, ки арзиши умумиашон 7.500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Муродзода Рауфи Маъруф 1992 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Яккатут, деҳаи Турдӣ дастгир карда шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
Комментарии (0)