< ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БАРОИ ЯК “АҲМАҚ” АЗ РУСИЯ ПЕШ МЕКУНАНД (ВИДЕО) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БАРОИ ЯК “АҲМАҚ” АЗ РУСИЯ ПЕШ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БАРОИ ЯК “АҲМАҚ” АЗ РУСИЯ ПЕШ МЕКУНАНД (ВИДЕО)
Бино ба иттилои расонаҳои Русия, занозании гуруҳии субҳи 1 апрел байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҳалли сохтмони бинои истиқоматии гаронбаҳои ЖК «Сердце столицы» дар мавзеи Шелепихинская набережнаяи шаҳри Маскав аз муноқишаи ночизи байни ду муҳоҷир сар шудааст. Гуфта мешавад, ки гӯё як коргари тоҷик як коргари дигар аз Ӯзбекистонро “дурак” (“аҳмақ”) гуфтааст ва  баъди онки ин ду нафар дастбагиребон шуданд, муҳоҷирони боқимонда ба муноқиша ҳамроҳ шудаанд.
Бино ба иттилои Агентии муҳоҷирати берунии Ӯзбекистон, дар пайи занозанӣ дар маркази Маскав 41 коргар аз Тоҷикистон ва 85 нафар аз Ӯзбекистон боздошт шудаанд. Бино ба маълумоти ин ниҳод, 20 шаҳрванди Ӯзбекистонро ба эҳтимоли ғолиб аз Русия ихроҷ мекунанд.
Сафорати Тоҷикистон ва намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ин қазия ва вазъи муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷикро шарҳ надодаанд.






Комментарии (0)

Оставить комментарий