Як зиндонӣ дар Тошканд бо нишони эътироз шикам ва рагҳояшро бурид
Вай дар як муроҷиати видеоӣ ба дӯсташ нақл мекунад, ки бо эътироз зидди рафторҳои нозирони маҳбас шикам ва рагҳояшро буридааст.
Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки баъди нашри навор тафтишро шуруъ карданд. Ҷавон нақл мекунад, ки баъди фишорҳо ва шиканҷаи нозирон борҳо фикри худкуширо кардааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар аксари маврид кормандони маҳбасҳои Узбекистон баъди баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ бо ҳар баҳонае беҷазо мемонанд. Чунин ҳолатҳо низ кам нест, ки зиндониҳои шикояткунандаро дар ниҳоят дар расонидани хабари дурӯғ айбдор мекунанд.
https://www.ozodi.org/a/30034310.html
Комментарии (0)