< Як генерали ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон кушта шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Як генерали ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон кушта шуд

Як генерали ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон кушта шуд
​Манбаъҳои наздик ба ӯ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтанд, ки дар ин ҳодиса Икромиддин Сареъ ва яке аз ҳамроҳонаш кушта шуда, як нафари дигар захмӣ гаштааст.

Генерал Сареъ пас аз сарнагунии низоми пешини Афғонистон ва ба сари қудрат омадани «Толибон» ба Эрон рафт ва дар онҷо барои низомиёни пешин додхоҳӣ мекард.

Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ҳукумати «Толибон"-ро муттаҳам ба террори ӯ кардааст. Ҳукумати «Толибон» то ба ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Баъзе аз мақомҳои ҳукумати пешини Афғонистон ва ҷабҳаҳои мухолифи «Толибон» қатли ин фармондеҳи собиқи пулисро маҳкум карда, аз ҳукумати Эрон хостаанд, ки дар ин бора таҳқиқ ва омилони онро шиносоӣ кунанд.
Ҳукумати Эрон то ҳол дар ин бора ба расонаҳо чизе нагуфтааст.

Дар чанд моҳи охир ин дувумин чеҳраи мухолифи «Толибон» аст, ки дар Эрон террор мешавад.

Чаҳор моҳ пеш Маъруф Ғуломӣ, яке аз фармондеҳони ҷиҳодӣ низ дар шаҳри Машҳад боз зарби гулӯлаи афроди мусаллаҳ кушта шуда буд.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий