< Дар Қирғизистон фаъолияти мактабҳои хусусии ронандагиро манъ карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Қирғизистон фаъолияти мактабҳои хусусии ронандагиро манъ карданд

Дар Қирғизистон фаъолияти мактабҳои хусусии ронандагиро манъ карданд
​Намояндагони дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфтанд, минбаъд шаҳрвандон танҳо баъди хондан дар мактабҳои давлатии ронандагӣ, соҳиби ҳуҷҷат мешаванд.

Мақомоти Қирғизистон аз он нигаронӣ кардаанд, ки фаъолиятҳои мактабҳои хусусии ронандагӣ олуда ба фасод буд ва талош доранд фасод дар ин бахшро аз байн баранд.

Мақомоти ин кишвар гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ баъди додани пораро яке аз сабабҳои зиёд шудани садама дар Қирғизистон гуфтанд.

Бархеҳо дар Қирғизистон аз бастани мактабҳои хусусии ронандагӣ тарафдорӣ карданд, аммо гурӯҳи дигар онро танқид намуданд.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий