< Отамбоев озод мешавад? эътирози ҷонибдорони ӯ назди бинои додгоҳ - навору акс » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Отамбоев озод мешавад? эътирози ҷонибдорони ӯ назди бинои додгоҳ - навору акс

Отамбоев озод мешавад? эътирози ҷонибдорони ӯ назди бинои додгоҳ - навору акс
Қаблан вакилони Отамбоев хабар дода буданд, ки бинобар бад будани вазъи саломатияш, эҳтимол ӯро аз СИЗО озод ва ба ҳабси хонагӣ фиристанд

Ҷонибдорони собиқ кишвардори Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев дар назди додгоҳи ноҳияи Первомайский даст ба эътироз заданд.


Онҳо бо шиору овезаҳо раҳоии Отамбоевро талаб доранд.

Мурофиаи ӯ имрӯз бо каме таъхиркорӣ шурӯъ шуд ва вакилони Отамбоев бар ин боваранд, ки ба иллати нохуб будани вазъи саломатияш, ӯро озод кунанд.


Дар пеши биное, ки мурофиаи Отамбоев ҷараён дорад, наздики 50 нафар тарафдорони Отамбоев ба шиорҳо нишастаанд.

Ёдовар мешавем, ки феълан Алмосбек Отамбоев дар колонияи ислоҳии рақами 47 табобат гирифта истодааст. Қаблан вай дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешуд.

Собиқ кишвардори Қирғизистон барои  даст доштан дар раҳоии ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев барои 11 солу 2 моҳ равонаи зиндон шуд. Суди Олӣ ин ҳукмро бекор карда, парванда барои баррасии нав ба Суди ноҳияи Первомайский баргардонида шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий