< Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 33 нафар расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 33 нафар расид

Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 33 нафар расид
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон шумораи умумии дардмандони ин маризӣ дар кишварро ба 33 нафар арзёбӣ кард

Шумораи дардмандони маризии сироятии коронавирус дар Ӯзбекистон ба 33 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Қаблан, сардухтури Сарраёсати санитарии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков дар як муроҷиати видеоӣ ба шаҳрвандони ин кишвар гуфта буд, ки дар давоми як рӯзи охир ҳолатҳои нави маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар робита ба хуруҷи ин маризӣ дар Ӯзбекистон, парвозҳо самти дигар кишварҳо мутаваққиф шуд ва ин маҳдудиятҳо то 30 - юми апрели соли равон идома хоҳанд кард.

Ҳукумати Ӯзбекистон маҳдудияти парвозҳоро аз 16 - уми март ҷорӣ кард ва акнун барои вуруди ӯзбекистониҳо аз дигар кишварҳо парвозҳои чартерӣ роҳандозӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, вурудшавандаҳо ба муддати ду ҳафта ҳатман ба карантин фаро гирифта мешаванд. Феълан дар марказҳои махсуси нигаҳдорӣ беш аз 2,3 ҳазор нафар дар карантин қарор доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий