ҲУКМИ ЗИНДОНИ СОБИҚ ДОДСИТОНИ КУЛЛ ВА ВАЗИРИ СОБИҚИ АМНИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН
Додгоҳи ҳарбии Ӯзбекистон рӯзи 25 феврал Отабек Муродов, собиқи додситони кулли ин кишварро ба 5 соли зиндон ва роҳбари собиқи Хадамоти амнияти давлатӣ Ихтиёр Абдуллоев ва ҷонишини ӯ Ҷаҳонгир Игамовро ба 19 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ онҳоро ба гирифтани пора ва ҷиноятҳои дигари вазнин гунаҳкор шинохт. Ихтиёр Абдуллоев ва Ҷаҳонгир Игамов моҳи феврали соли 2019 аз мақомҳояшон барканор гардида, моҳи сентябр дар як мурофиаи дигар ба 18 ва 16 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Отабек Муродовро рӯзи 20 июни соли 2019 аз мақом барканор карданд ва як рӯз баъд президент Шавкат Мирзиёев гуфт, ки ӯ ба порахӯрӣ айбдор мешавад.
Додгоҳи низомии Ӯзбекистон додситони кулли собиқи ин кишвар Отабек Муродовро ба 5 соли зиндон, раҳбари собиқи Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев ва муовини ӯ Ҷаҳонгир Игамовро ба 19 соли зиндон маҳкум кард. Хадамоти матбуоти Додгоҳи олии Ӯзбекистон хабар дод, ки муҳокимаи ин мансабдорони дар гузашта баландпоя рӯзи 25 феврал ба поён расид.
Додгоҳ гуфт, ки додгоҳи ҳарбӣ Отабек Муродов, Ихтиёр Абдуллоев ва Ҷаҳонгир Игамовро дар гирифтани пора ва ҷиноятҳои дигари вазнин гунаҳкор шинохт. Аммо дар иттилоияи расмӣ гуфта нашудааст, ки ин ҷиноятҳои дигар кадомҳоянд?
Додгоҳи олӣ гуфт, ҳангоми судури ҳукм аслҳои гуманизм ва адолат, ҳамчунин сидқан изҳори пушаймонӣ кардану бо тафтишот ҳамкорӣ кардани муттаҳамон ва барқарор кардани зарари расондашуда аз ҷониби онҳо ба назар гирифта шуд.
Ихтиёр Абдуллоев моҳи январи соли 2018 ба ҷойи генерали пурнуфуз Рустам Иноятов, ки аз соли 1995 раҳбарии хадамоти амнияти Ӯзбекистонро дар даст дошт, таъйин шуд. Вале ҳамагӣ як сол баъд бо иттиҳоми порахӯрӣ аз мансаб ронда шуд.
Додгоҳи низомии Ӯзбекистон рӯзи 27 сентябри соли 2019 собиқ сардори Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар (СГБ) Ихтиёр Абдуллоевро ба 18 соли зиндон маҳкум карда буд. Додгоҳ, ки аз 15 июл пушти дарҳои баста идома дошт, Абдуллоевро дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, гирифтани пора, тамаъҷӯӣ, тасарруфи молу мулки ғайр, имзои қарордодҳои бар хилофи манфиатҳои Ӯзбекистон ва дигар мавридҳои сӯиистифода аз мақом гунаҳкор шинохт.
Додгоҳ дар маҷмӯъ ҳамроҳи Абдуллоев 24 мансабдори дар гузашта баландпояи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистонро маҳкум ба зиндон кард. Аз ҷумла муовини сардори СГБ Ҷаҳонгир Эгамов ба 16 сол, мушовири сардори СГБ Алишер Ишонхоҷаев ба 17 сол, собиқ муовини додситони Тошканд Ёркин Абдуллоев ба 14 сол маҳкум шуданд. Собиқ муовини додситони кулл Ғайрат Ҳидоятов, собиқ муовини раиси Додгоҳи олӣ Баҳодир Деҳқонов ва собиқ прокурори вилояти Намангон Улуғбек Тошев – 5-солӣ ҳукм гирифтанд.
Ихтиёр Абдуллоевро рӯзи 11 феврали соли 2019 аз мақом барканор карданд. Сабаби расмии барканории ӯ баъди ҳамагӣ як соли кор вазъи саломатиаш ва дар як соли охир ду бор ҷарроҳӣ кардани сутунмуҳрааш гуфта мешуд. Вале алакай як рӯз баъд эълон шуд, ки ба зидди сардори СГБ бо иттиҳоми коррупсия парвандаи ҷиноятӣ кушода, даҳҳо нафар аз шариконашро дастгир кардаанд.
Отабек Муродовро бошад рӯзи 20 июни соли 2019 аз мақом барканор карданд ва ба ҷои ӯ Неъматулло Юлдошев, раиси Сенат додситони кулли Ӯзбекистон таъйин шуд. Як рӯз баъд президент Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи Сенат хабар дод, ки Отабек Муродов ба пораъӯрӣ айбдор мешавад ва ба хиддаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Парвандаи Отабек Муродов дар бастагӣ ба парвандаи Ихтиёр Абдуллоев таҳқиқ мешуд.
Комментарии (0)