< Ҳалокати донишҷӯи 20 - солаи узбак баъди бозгашт аз Чин » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалокати донишҷӯи 20 - солаи узбак баъди бозгашт аз Чин

Ҳалокати донишҷӯи 20 - солаи узбак баъди бозгашт аз Чин
Дар Қӯқанд донишҷӯи 20 - сола, ки тоза аз Чин баргашта буд, ба ҳалокат расидаст. Маркази санитарӣ - эпидемиологии ин кишвар омили фавти донишҷӯи ҷавонро шарҳ додааст

Донишҷӯи 20 - сола, ки пас аз Чин баргаштан дар шаҳри Қӯқанд ба ҳалокат расидаст, на аз "вируси тоҷдор", балки бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохтаст, хабар медиҳад UPL.

"Ҳодисаи нохуш рӯзи 5 - уми феврали соли ҷорӣ рух додааст. Ҷавони 20 - соларо дар манзили истиқоматиаш мурда дарёфтанд", - омадааст дар хабар.

Зимнан, Маркази санитарӣ - эпидемиологии Узбакистон омили асосии ҳалокати ҷавонмардро ба заҳролудшавӣ аз газ рабт додааст.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 - уми феврал бинобар хуруҷи маризии сироятии "вируси тоҷдор" дар Чин, раванди интиқоли шаҳрвандони Узбакистон аз ин кишвар анҷом ёфт.

Охирон парвози ҳавопаймо аз Пекин ба Чин субҳи 6 - уми феврал сурат гирифт ва 251 шаҳрванди Узбакистон ва ватан интиқол ёфтанд. 
Ҳамаи онҳоро ба марказҳои сукунати муваққатӣ барои карантин ҷой дода шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий