< Духтари президенти Ӯзбекистон аз мақомаш истеъфо дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Духтари президенти Ӯзбекистон аз мақомаш истеъфо дод

Духтари президенти Ӯзбекистон аз мақомаш истеъфо дод
Комил Алламҷонов, сардори Оҷонси иттилооту иртибототи Ӯзбекистон ва муовинаш Саида Мирзиёева, духтари президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев 29 январ бо хоҳиши худ аз мақомашон истеъфо доданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии оҷонс, худи он рӯз иҷрокунандаи вазифаи сардори Оҷонси иттилооту иртибототи Ӯзбекистон Дилшод Саидҷонов таъйин шудааст.

Бино ба хабарҳо, Комил Алламҷонов ва Саида Мирзиёева 29 январ дар як ҷаласаи оҷонс ба раҳбарии раиси дастгоҳи президенти Ӯзбекистон гуфтаанд, ба дастгоҳи президент ариза навиштаанд, ки мехоҳанд фаъолияти кории худро дар бахши ғайридавлатӣ идома диҳанд. Дастгоҳ низ аризаи онҳоро баррасӣ ва қонеъ кардааст.

Комил Алламҷонов аз 4 феврали соли 2019 Оҷонси иттилооту иртибототи Ӯзбекистонро раҳбарӣ мекард ва духтари калонии Мирзиёев -- Саида моҳи апрели соли гузашта муовини ӯ таъйин шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий