< Масъули энержии ИА изҳороти Газпромро дар бораи коҳиши интиқоли газ интиқод кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Масъули энержии ИА изҳороти Газпромро дар бораи коҳиши интиқоли газ интиқод кард

Масъули энержии ИА изҳороти Газпромро дар бораи коҳиши интиқоли газ интиқод кард
Кадри Симсон, раҳбари сиёсати энержии Иттиҳоди Аврупо (ИА) эълони ширкати Газпроми Русияро дар бораи коҳиши интиқоли гази табиӣ ба Аврупо интиқод кард ва гуфт, ки Русия талош дорад энержиро чун силоҳ дар ҷанги зидди Украина истифода кунад. Газпром дар як изҳороташ рӯзи 25-уми июл гуфт, ки ҳаҷми газе, ки тавассути лӯлаи гази Nord Stream-1 ба Олмон содир мешавад, шурӯъ аз 26-уми июл дар ҳаҷми 33 миллион метри кубӣ камтар интиқол меёбад. Ин ҳаҷм нисфи маҷрои феълии гази содиротиро ташкил медиҳад, ки бе ин ҳам 40 дарсади иқтидори маъмулии он мебошад.
Симсон, ки барои ширкат дар як ҷаласаи вазирони энергетикаи кишварҳои ИА дар Брюссел ҳозир шуд, гуфт, “мо медонем, ки барои ин кор ҳеҷ як сабаби фаннӣ вуҷуд надорад. Ин як иқдоми дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад ва мо ҳам барои ин кор бояд омода шавем. Ва маҳз ба ҳамин сабаб ҳам тадбирҳои аз пеш гирифташуда барои коҳиши талаботи мо ба газ як стратегияи оқилона буд”.
Қарор аст вазирон сари қоидаҳои умумии тарзи рафтор дар чунин ҳолати изтирорӣ кор кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий