Чӣ гуна Ӯзбекистон рӯзномаи тоҷикзабони қадимаи “Овози тоҷик”-ро дастгирӣ мекунад
Муассиси газетаи қадимтарини тоҷикзабон худи Садриддин Айнӣ буд. Замони шӯравӣ рӯзнома яке аз серхонандатарини нашрияи чопии мақомоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Ӯзбекистон ба шумор мерафт ва теъдоди чопи он то ба 35 ҳазор нусха мерасид.
“Айни замон вазъ дигар аст, обуначиёни газета ҳамагӣ 2 ҳазор нафар боқӣ монданд, ки дар натиҷа газета ба мушкили молӣ дучор аст. Рӯзномаро асосан тоҷикони вилояти Самарқанду Бухоро мутолиа мекунанд”, - мегӯяд сардабири газета Шерпӯлод Вакилов.
Барои дастгирии қадимтарин рӯномаи тоҷикзабон давлати кишвари ҳамсоя аз чӣ тадбирҳо кор мегирад? Гузориши навбатии видеоии мо дар ин хусус.
Мавод дар доираи сафари матбуотии Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон - асри XXI” ба Ӯзбекистон таҳия шуд.
Гузориши пешин дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст.
Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.
Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190715/ch-guna-zbekiston-rznomai-toikzaboni-adimai-ovozi-toik-ro-dastgir-mekunad
Комментарии (0)