Имрӯз, 13 июл дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон кормандони мақомоти қудратӣ ба садама дучор шуданд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба шабакаи "Короче" хабар медиҳад.
Навори садамаи мудҳиш дар шабакаи Telegram-"Короче" нашр шудааст.
Ба гуфти шоҳидон садама тақрибан соати 11:00 дар буриши кӯчаҳои Ахунбоев ва Токтоналиев (кӯчаи собиқ Душанбинская) ба вуқӯъ пайвастааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин садама эҳтимолан кормандони милитсия захмӣ шудаанд.
"Дар он ҷо як мошини милитсия, ки пачақ шудааст, истодааст. Вале ғайр аз мошин дигар чизе намуддор нест. Чун дар назди мошини милитсия, худрави ёрии таъҷилӣ ва чанде аз қудратиҳо истодаанд. Эҳтимолан касе ҷароҳатдор шудааст", - нақл кард шоҳид.
Комментарии (0)