Хатари басташавии шуъбаи тоҷикии Донишгоҳи Бухоро дар соли аввали ташкилшавӣ
Бар асоси ин иттилоия, Эркин Рӯзиев, масъули бахши тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Бухоро аз довталабон хостааст, ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд. Ӯ таъкид намудааст, ки теъдоди довталабон ва зиёд будани талабот барои боқӣ мондани шуъбаи тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Бухоро ҳалкунанда мебошад.
“Аз Шумо хоҳиш мекунам, ба абитуриентҳо ин хабарро расонед, факултаи моро тавсия диҳед. То ҳол ба ин бахш се нафар ҳуҷҷат супоридаанд ва эҳтимоли бастани он зиёд аст”, - изҳор доштааст Рӯзиев.
Ӯ таъкид намудааст, ки ба довталабон дар масъалаи хонаю ҷой ва дигар масъалаҳо ёрдам хоҳад кард.
Ин иқдом дар ҳолест, ки солҳои охир муносиботи Тоҷикистону Узбакистон рӯй ба беҳбудӣ ниҳода, ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун - аз тиҷорату иқтисод то фарҳангу маориф густариш ёфта истодаанд.
Read more: https://sputnik-tj.com/education/20190711/1029381734/Khatari-bastashavii-shubai-tojikii-Donishgohi-Bukhoro-dar-soli-avvali-tashkilshavi.html
Комментарии (0)