Боздошти ду афсари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми гирифтани пора
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, нозири калони ин шуъба Маъруф Қараев тибқи маслиҳати пешакӣ бо сардори худ Бозорбой Қурбонов аз сокини Душанбе, ки ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шуда буд, 5 ҳазор сомонӣ пора талаб мекунанд.
Онҳо таҳдид мекунанд, ки нисбати ӯ вобаста ба вайрон кардани қоидаи бақайдгирии шахсони мувофиқи ҳукми суд ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда маводи санҷишӣ тартиб дода, минбаъд ба суд пешниҳод мекунанд.
Гуфта мешавад, Қараев ва Қурбонов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ дастгир ва далели шайъӣ аз онҳо дарёфт шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон мувофиқи моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/laworder/20190709/bozdoshti-du-afsari-sarrayosati-iroi-azoi-inoyat-angomi-giriftani-pora
Комментарии (0)