< Баҳонаи навбатӣ? Наход нон одамро кушад...? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Баҳонаи навбатӣ? Наход нон одамро кушад...?

Баҳонаи навбатӣ? Наход нон одамро кушад...?

Фарзияи расмии мақомоти идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ки истеъмоли се буханка хлебро иллати марги якбораи 14 маҳбус меноманд, суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Ҳамин тавр, суолҳое дода мешаванд, ки бо кадом ақл 128 маҳбусро дар гармои тасфони тобистон дар се автозак (42-43-нафарӣ дар ҳар мошин) бор карда, аз Хуҷанд ба Душанбе овардаанд? Нашри акси ҷасади яке аз маҳбусон бо нишонаҳои варам дар сару рӯяш фарзияи расмии мақомотро боз ҳам бештар зери шакку шубҳа қарор додааст. Ва аммо дар ҳоле ки фарзияи расмиро бисёриҳо ба чолиш мекашанд, суоле ба миён меояд, ки пас нони заҳролуд ё мағорбаста аз куҷо пайдо шуд? Ва барои марги ин 14 маҳбус кӣ ҷавоб медиҳад?


Як маҳбуси собиқ рӯзи 8 июл дар суҳбат гуфт, аксари автозакҳое, ки барои интиқоли маҳбусон дар Тоҷикистон истифода мешаванд, ҳар кадомаш ду ҳуҷра дорад, вале ба ҳеҷ сурат, тавони интиқоли 42-43 маҳбусро надоранд.

"Дар ин автозакҳо ҳадди аксар 20-25 нафарро метавон ҷо кард, вале ҳатто барои чунин шумораи одамон низ ҳавои даруни автозак чунон тангу нафасгир мешавад, ки маҳбусон дар сурати интиқоли онҳо ба масофаи дур, барои мисол, аз Душанбе ба Ёвон беҳол мешаванд. Вале ин дафъа 128 маҳбусро дар се автозак болои ҳам сумб кардаанд ва он ҳам барои интиқол аз Хуҷанд ба Душанбеву Ёвону Норак, ки масофааш чандсад километр аст.

Касе фикр накардааст, ки дар берун агар ҳаво аз 40 дараҷа боло бошад, дар даруни автозак аз 50 дараҷа мегузарад. Болои ин, вақте чунин анбуҳи бузурги одамонро дар як масоҳати танг бор мекунанд, табиист, ки ҳаво намерасад, ҳама нафасгир мешаванд”, - мегӯяд ин маҳбуси собиқ.

Чунин фарзияро журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов, ки соли гузашта 8 моҳро дар пушти панҷара ба сар бурд, низ баён доштааст:
Маҳбусони собиқ ва ҳамин тавр, як корманди собиқадори идораи зиндонҳо бештар ба фарзияи дигар, яъне аз нарасидани ҳаво нафасгир шудани маҳбусон, тарҳеҷ медиҳанд ва мегӯянд, чунин сурати кор воқеитар ба назар мерасад.

Фарзияи дучори садама шудани яке аз мошинҳои маҳбусонро низ матраҳ мекунанд. Варамҳое, ки дар аксҳои нашршуда дар сару рӯи Валиҷон Одинаев, яке аз маҳбусони ҳалокшуда дида мешуд, метавонад натиҷаи садама бошад, вале ба ҳеҷ сурат наметавонад паёмади хӯрдани хлеб бошад.

 
Ба фарзияи расмии мақомот ҳоло кам касе бовар мекунад, ки истеъмоли се буханка хлеб сабаби марги якбораи 14 маҳбус шуда бошад.
Бино ба ривояти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон, гӯё ҳангоми таваққуф дар минтақаи Майхӯраи ноҳияи Варзоб, яъне вақте ки то Душанбе тақрибан 80 километр масофа боқӣ монда буд, яке аз маҳбусон се хлеби "дастовез”-ашро бо маҳбусони дигар тақсим кардааст ва 16 маҳбусе, ки аз ин нон истеъмол кардаанд, алакай баъди ним соат ба қай кардану дилбеҳузурӣ дучор шуда, бархе аз ҳуш рафтаанд. Табибон ду нафари онҳоро наҷот додаанд, вале бақия 14 нафар ҷон додаанд.

Аммо се буханка хлеб тақрибан ду кило вазн дорад, ки ба ҳар кадом аз 16 маҳбус ҳамагӣ яксаду чанд грамм мерасад. Истеъмоли ин миқдор нон, ҳатто агар нони кӯҳнаву мағорбаста бошад, одамро намекушад.
Ба гуфтаи як табиби ҳамсуҳбати "Ахбор” нони мағорбаста метавонад одамро заҳролуд кунад, вале танҳо дар сурате, ки муддати зиёд чунин нонро истеъмол кунанд.

"Якбора заҳролуд шудани 16 маҳбус аз истеъмоли ҳамагӣ яксаду чанд грамм ном чандон боварибахш ба назар намерасад. Ман дар умрам чунин ҳолатро надидаам”, - гуфт ӯ.

Ҳолатҳои аз истифодаи нон заҳролуд шудани одамон дар Тоҷикистон хеле камшумор аст. Як ҳодиса аз ноҳияи Панҷ дар ёди ҳама ҳаст, вале онҷо тафтиш нишон дод, ки келини хонавода махсус дар хамир заҳр андохта, дидаю дониста қасди куштани он хешовандони шавҳарашро, ки бо онҳо мушкил дошт, дар сар дошт.

Олими биохимики тоҷики муқими Австралия Абдусалом Одиназода низ аз истифодаи чунин миқдори андаки нон ва якбора заҳролуд шудани чунин теъдоди бузурги одамон, яъне 16 нафарро ғайри қобили боварӣ мешуморад. Аз тарафи дигар, мегӯяд Одиназода, аз хӯрдани нон то ҳазм шуданаш дар меъда вақти хеле бештар мегузарад, ки одамон алакай баъди ним соат дучори қай ва дилбеҳузурӣ шуда, аз ҳуш бираванд.

Ҳамин тавр, яке аз табибони таҷрибадори соҳаи заҳролудшавӣ дар тиб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, инсон аз хӯрдани нон метавонад заҳролуд шавад, аммо ин масмум шудан дар аксар ҳолат кушанда нест.

Ин табиб, ки дар яке аз беморхонаҳои Душанбе кор мекунад ва нахостааст номаш бурда шавад, гуфт, дар робита ба ҳалокати маҳбусон ду ҳолат метавонад пеш ояд: ё гандуми тозанашуда орд карда шудааст ё ба хамири нони маҳбусон маводи заҳрдоре илова шудааст.
"Дар даруни гандум чандин растаниҳои заҳролуд, ба монанди гелиотроп мерӯяд. 
Ҳамонро тоза накарда орд кунанд, одамро заҳролуд мекунад.

Аммо бо як тика аз ин нонодам ба ҳалокат намерасад.

Танҳо агар аз он нон давоми чанд рӯз истеъмол кунад, заҳрметавонад ба организм зиёд ворид шуда, шикам дам шавад ва пасон бемор бимирад,” - шарҳ дод духтур.

Ба гуфтаи ин табиби тоҷик, ҳолати марг метавонад инчунин дар натиҷаи заҳролуд шудани хамири нон аз роҳи ворид кардани маводи иловагии химиявӣ бирасад. 

"Нон одамро заҳролуднамекунад, агар ягон чизи зиёдатӣ надошта бошад. Яъне агар ягон маводи химиявӣнадошта бошад, одам намемурад,” – гуфтааст ҳамсуҳбати Озодӣ.

Фарзияи конспирологие низ дар Интернет чарх мезанад, ки ин ҳодисаро ба ошӯби моҳи май дар зиндони Ваҳдат пайванд медиҳанд ва ҳардуро бахше аз рақобатҳо байни генералҳои тоҷик мешуморанд.

Ба бовари тарафдорони ин фарзия, бархе гуруҳҳо мехоҳанд бо чунин ҳодисаҳо ва паст бурдани обрӯи генерал Мансурҷон Умаров, сардори кунунии Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия, пеши роҳи рушди бештари карйераи ӯро бигиранд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, 29 маҳбус дар зиндони Ваҳдат ва инак, 14 маҳбуси дар роҳ ҳалокшуда қурбони ҳамин бозиҳои калонҳо шуданд ва дар ҳар сурат, ошӯб дар зиндони Ваҳдат ва ҳалокати ин 14 маҳбус парвози карйераи генерал Умаровро дастикам дар кӯтоҳмуддат мутаваққиф мекунад.

Аркадий Дубнов, журналисти шинохтаи рус, навиштааст, ки бо дарназардошти ҷавви ҳоким дар арши сиёсии Тоҷикистон ва собиқаи муборизаҳои сиёсӣ дар ин кишвар ҳатто ин фарзияро низ набояд аз байн истисно кард:

Ва аммо генерал Иззатулло Шарифзода, сардори собиқи идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 2018 дар пайи саркӯби хунини як ошӯби маҳбусон дар зиндони Хуҷанд барканор карда шуд, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи "заҳролудшавӣ аз ғизо” на танҳо дар таърихи низоми маҳбасҳои Тоҷикистон, балки "умуман дар ҷумҳурӣ” бесобиқа аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий