Марги фоҷиавии мухоҷири тоҷик дар Русия
Рӯзи 7 июл дар шаҳри Маскав дар минтақаи Марьинa роща дар майдони сохтмонии маҷмааи истиқоматии ЖК «Шереметьевский» як шаҳpванди Тоҷикистон зери бори опалубкаҳои оҳанӣ монда, ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст.
Бинобар иттилои маркази матбуотии Раёсати тафтишотии шаҳри Маскав, фоҷиа дар кӯчаи Складочная 6, бинои сохтумонии 31 рух додааст.
Муҳоҷири тоҷик бар асари ҷароҳатҳои маргбор дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Исми коргари ҳалокшуда ва синну солаш нашр нашудааст.
Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд.
Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз то 3 зодаи Тоҷикистон дар Русия тарки ин олам мекунанд.

Комментарии (0)