Адвокат: «Ҳаёти Гулнора Каримова дар хатар аст»
«Сеюмин ғалабаи бузург дар додгоҳи федеролии Швейтсария (1-уми июл). Ҷуброни (интиқоли) 555 милион доллар фавран қатъ гардид. Ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон то замоне, ки ин кишвар ба боздошти худсаронаи ҳимояшавандаи мо [Гулнора Каримова] хотима надиҳад, ба роҳ монда нахоҳад шуд. Ба ӯ рӯз то рӯз бештар фишор оварда мешавад. Ҳаёти Каримова дар хатар аст», — менависад Манжа.
Қаблан ҳам духтари Гулнора Каримова - Имон Каримова дар саҳифаи Инстаграми худ хабар дода буд, ки Швейтсария интиқоли маблағҳои модари ӯро ба ҳукумати Ӯзбекистон қатъ намудааст.
Имон додситон ва сарвари зиндонро, ки Гулнора Каримова дар он нигаҳдорӣ мешавад, ба он айбдор мекунад, ки онҳо барои модари ӯ шароити вазнин сохтаанд, ёрии лозимаи тиббӣ намерасонанд ва болояш фишори равонӣ меоранд.
"Модари ман мувоҷеҳи хатари ҷисмонӣ аз раисаи боздоштгоҳ аст. Зеро вазнинии шароите, ки ӯ дар он қарор дорад, ҳатто барои хавфноктарин ҷинояткорон нест...", - навиштааст Имон Каримова дар мактуби худ рӯзи 2-юми июл.
Комментарии (0)