Оғози даъвати ҳарбӣ дар Душанбе: супориши Рустам Эмомалӣ барои барӯйхатгирии ҷавонписарон
Раиси пойтахт аз муовинаш Гуреззода У., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Юсуфӣ М., Билол И., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., воҳидхои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе талаб кардааст, ки нақшаи чорабиниҳои омодагиро ба даъват саривақт иҷро кунанд.
Раисони ноҳияҳои шахри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе ӯҳдадор гаштаанд, ки шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян кунанд, то 25 сентябр барои гузаронидани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
"Барои саривақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсии давлатӣ оиди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро аз ҳисоби курсантҳо таъмин намоянд", - гуфта мешавад дар яке аз бандҳои қарори Рустам Эмомалӣ.Афзун бар ин, бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе раисони маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ новобаста аз шакли тобеият вазифадоранд рӯйхати пурраи ҷавонписарони синну соли даъватиро дар муҳлати кутоҳ барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ пешниҳод намоянд.
Даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.
Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190702/1029311402/rustam-dushanbe-davat-ruikhatgiri.html
Комментарии (0)