< Ҳодисаи маргбор: мард дар ҳолати мастӣ шавҳари хоҳарашро корд зада кушт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳодисаи маргбор: мард дар ҳолати мастӣ шавҳари хоҳарашро корд зада кушт

Ҳодисаи маргбор: мард дар ҳолати мастӣ шавҳари хоҳарашро корд зада кушт
Командони милитсия ноҳияи Қубодиён марди 29-соларо дастгир намуданд, ки дар қатли шавҳари хоҳараш гумонбар дониста мешавад
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи маргбор шаби 24 ба 25 июни соли равон дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён сар задааст.
Тибқи иттилои манбаъ, кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.
Манбаъ қайд намудааст, ки номбурда, шаби 24 ба 25 июни соли равон, тахминан соати 02:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиашон бо шавҳари апааш, марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, -зикр намудааст ВУД Тоҷикистон.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишотро идома доранд.
Ёдрас мешавем, ки хаиран кормандони милитсия марди 56-солаи сокини кӯчаи Лоҳутии шаҳри Конибодомро, ки пеш бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд.
Номбурда, 24-уми июни соли равон, тахминан соати 16:00-дақиқа, бо мақсади аз қатл, ба ҳавлии истиқоматии марди 54-солаи сокини шаҳри Конибодом омада, бо корди хоҷагии дар дасташ буда 1 маротиба ба қафаси синаи ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.
Масъулини ВУД Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий